Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷири тоҷик ҳамроҳи наврасон кӯчаҳои Тоҷикистонро покиза мекунад


Бахтиёр Сафаров ва акси як маҳалле, ки бачаҳо қабл аз поккории онҷо ба ӯ фиристодаанд.
Бахтиёр Сафаров ва акси як маҳалле, ки бачаҳо қабл аз поккории онҷо ба ӯ фиристодаанд.

Бахтиёр Сафаров, як муҳоҷири тоҷики муқими Маскав дар Тоҷикистон ташаббуси нодиреро ба роҳ андохтааст ва мегӯяд, то замоне, ки пулаш тамом нашавад, маъракаи поккории маҳаллаву кӯчаҳоро идома медиҳад.

Бахтиёр ба наврасоне, ки довталабона зарфҳои пластикиву дигар партовҳоро аз маҳаллаву ҷӯйбору кӯчаҳояшон ҷамъ меоранд, пул тақсим мекунад. Мегӯяд, ягона подоше, ки аз ин кораш мегирад, эҳсоси хуби кӯмак дар ободии ватанаш аст.

“Ин ҷойҳоро бубин ака. Бачаҳо ҷамъ карда истодаанд, покиза мекунанд” - ин муроҷиати наврасонест, ки ба Бахтиёр видеои корашонро мефиристанд. Ин бачаҳо барои ҳар халтаи партове, ки ҷамъ мекунанд, 30 сомонӣ подош мегиранд. Онҳоро ба ин кор ва аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ Бахтиёр Сафаров кардааст. Мегӯяд, ки мехоҳад, барои Тоҷикистон кори неке анҷом диҳад.

Бахтиёр Сафаров, муҳоҷири тоҷик: “Гуфтам, ки бародарон кадом одаме, ки дар кадом минтақае зиндагӣ мекунад, хоҳ дар Помир, хоҳ дар Ванҷ, ё Душанбе, ҳар ҷое, ки бошед равед, ҳамун “мусоркаро” сурат ё видео бигир. Ҷӯйборҳоро покиза мекунанд, партовҳоро меоранд, гирди хонаҳоро покиза мекунанд. Шавқманд шудаанд. “

Даъвати Бахтиёр дар шабакаҳои иҷтимоӣ бахусус наврасонро ҷалб кардааст, ки рӯзона ба ӯ аз 100 то 120 видео мефиристанд. Бахтиёр Сафаров, сокини Душанбе аст ва 17 сол боз дар Маскав зиндагӣ мекунад ва ҳамроҳи бародараш мағозаи начандон калоне доранд.

Бахтиёр Сафаров: “Нишаста фикр кардам, ки чӣ кор кунам, ки ҳеч чиз ҳам ки набошад, каме ба миллатам хубиам бирасад. Ман ҳам тоҷикам, берун аз ватан, чандин сол аст, ки ғарибам.”

Ба ёдаш замони наврасиаш дар русто расидааст, ки чӣ гуна худашро ба коре ташвиқ мекарданд: "Бибиам як дост медод, мегуфт, ки рав як хар алаф биёред, як коса шир медиҳам. Баъд соати чаҳори саҳар мехестам, ҳамроҳи ҷӯраҳоям харро савор шуда мерафтем, адир. Як хар алаф меовардам, баъд ба ман як коса ҷурғот ва ё як коса шир медод. Баъд ман гуфтам, ки биё ман ҳам ба ҳамин кӯдако 100 рубл аст, 1000 рубл аст, диҳам ки ташвиқ шаванд."

Дар наворҳое, ки наврасони зиёде ба Бахтиёр Сафаров фиристодаанд, нақл мекунанд, кӣ чӣ қадар партов ҷамъ оварданду куҷоро покиза кардаанд.

“Ина як бори дигар салом акаи Баха, ина бинед, ҳамааш покиза, ина ҳамаашро мебарем.”

“Ина ака чанд халта партов ҷамъ кардем.”

Бахтиёр, ки аз ҳисоби худаш ба бачаҳо пул медиҳад, мегӯяд, аз ин кораш эҳсоси хубе дорад.

Бахтиёр Сафаров: “Пеш аз анҷоми корашон видео гирифта мефиристанд, мебинам, чихел ҷазир аст, баъди кор мебинам, ҳамонҷо покиза шудааст, мисли онки дилат боз мешавад, хурсанд мешавам.

Бахтиёр дар муддати камтар аз 10 рӯз ба бачаҳое, ки дар поккории маҳаллаву кӯчаҳояшон саҳм гузоштаанд, 35 ҳазор рубл тақсим кардааст. Бо шӯхӣ мегӯяд, то замони тамом шудани пулаш ин накӯкориро идома медиҳад.
Видеои ин гузориш ба зудӣ нашр мешавад, бозгашт ба вебсайти Радиои Озодиро фаромӯш накунед.

XS
SM
MD
LG