Мутахассисон мегӯянд, ки шояд Кобул дар оянда ба нахустин пойтахт дар ҷаҳон табдил ёбад, ки комилан аз об маҳрум мешавад. Сабаби ин фалокати эҳтимолӣ ба қавли мутахассисон, афзоиши босуръати аҳолӣ, тағйироти иқлимӣ ва мудирияти нодуруст аст.
Дар ҷараёни сафари давлатии Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистон дар рӯзи 8-уми июл байни ду тараф 13 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ хабар додааст.
Гуруҳе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июн бо нашри як муроҷиатномаи муштарак аз ҳукуматҳои минтақа хостаанд, барои маҳви шиканҷаву бадрафторӣ бо зиндониёну боздоштшудагон чораҳои фаврӣ биандешанд.
Қимати маводи хӯрока дар Қазоқистон дигарбора боло рафтааст ва низ қимати он маҳсулоте, ки дар дохил тавлид мешавад. Мардумро бахусус нархи картошка ба танг овардааст, ки моҳҳои гузашта чанд дафъа қимат шуд. Мақомот мегӯянд, ки ҳеч гап ва ё фалокате нашудааст.
Дар идомаи сахттар кардани мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, мақомоти Амрико як шаҳрванди Узбекистонро, ки дар кишвараш барои ҷинояте ҷустуҷӯ мешуд, барои посух додан дар додгоҳ ба ватанаш фиристодаанд.
Дар Бишкек - пойтахи Қирғизистон, пайдо кардани кори сердаромад дар Русия, амри сахте нест.
Дар Қирғизистон, мавзӯи меҳтарсолорӣ ё "дедовшина" дубора пурбаҳс шуд. Ин бор як изҳороти вазири нави дифои ин кишвар Руслан Мукамбетов, масъаларо доғ кард.
Додгоҳи Бишкек фаъоли мухолиф Тилекмет Куреновро то 19-уми май ба ҳабс гирифт. Мурофиа пушти дарҳои баста гузашт.
Кишоварзон дар Узбекистон мегӯянд, ки ҳукумат бо зӯр ва бо баҳонаи пуштибонӣ аз соҳа ҳазорон гектар заминҳои ҳосилхези пахта ва гандумро аз онҳо мегирад ва ба ширкатҳои чинӣ медиҳад.
Ғуломии шаҳвонӣ, латукӯб ва маҷбур кардан ба нашъамандӣ. Олтинойи 14-сола дар Қирғизистон чанд моҳ дар дасти даллаҳо чунин вазъ дошт. Ӯ дертар тавонист, аз дасти ин гурӯҳ гурезад, вале кӯшиш наздиконаш барои ба ҷавогарӣ кашидани онҳо ҳанӯз натиҷа надодааст.
Ёфтҳои бештар