Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул шояд яке аввалин пойтахтҳои беоб дар ҷаҳон шавад


Мутахассисон мегӯянд, ки шояд Кобул дар оянда ба нахустин пойтахт дар ҷаҳон табдил ёбад, ки комилан аз об маҳрум мешавад. Сабаби ин фалокати эҳтимолӣ ба қавли мутахассисон, афзоиши босуръати аҳолӣ, тағйироти иқлимӣ ва мудирияти нодуруст аст.

Дар як даҳсолаи гузашта сатҳи обҳои зеризаминии пойтахти Афғонистон то 30 метр поён рафтааст, тақрибан нисфи чоҳҳои амиқи шаҳр ва манбаи асосии оби ошомидании сокинон хушк шудаанд. Оморҳои изтиробангез аз як таҳқиқи созмони ғайриҳукуматии «Мерси Корпс» аст, ки дар Афғонистон анҷом додааст.

Дар таҳқиқ омадааст, тақозо ба обҳои зеризаминӣ дар ин шаҳр номутаносиб ва бисёр баланд аст. Ҳар сол аз ин чоҳҳо 44 миллион метри мукааб об мегиранд, ки ду баробар бештар аз меъёрест, ки ба таври табиӣ ба ин чоҳҳо ҷорӣ ва ҷамъ мешаванд.

Аҳолии Кобул, ки соли 2000-ум тақрибан 2 миллион нафар буд, то имсол ба беш аз 6 миллион нафар расидааст. Аз ин сабаб захираҳои об босуръат истифода ва кам мешаванд ва эҳтимол дорад, ки то панҷ соли оянда ҳамаи захираҳои оби Кобул хушк шаванду шаҳр беоб монад.

Кобул шаҳри беобу беодам мешавад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:46 0:00

Бар асоси таҳқиқоти Мерси Корпс ва гуфтаи мутахассисони афғон, ки бо Радиои Озодӣ суҳбат кардаанд, захираҳои оби зеризаминии шаҳрро ҳамчунин беш аз 100 ҳазор насосҳои ғайриқонунии обкашӣ ва садҳо корхонаву гармхона холӣ мекунанд.

Наҷибулло Садид, пажӯҳишгари манобеи об ва тағйироти иқлимӣ ва муқими Олмон мегӯяд: «Кобул дар масоҳати тақрибан 400 гектар гармхона дорад, ки солона ҳудуди 4 миллион метри мукааб об масраф мекунанд. Беш аз 500 корхонаи оби нӯшокӣ низ дар Кобул фаъолият доранд. Танҳо як ширкате мисли Алокозай, ки бузургтарин ширкати нӯшобасозӣ дар шаҳр аст, ҳар сол ҳудуди 1 миллион метри мукааб оби зеризаминӣ масраф мекунад.»

Созмони Милал ҳушдор додааст, ки агар тадбирҳои фаврӣ андешида нашавад, обҳои зеризаминии Кобул то соли 2030 комилан тамом мешавад, ки хатари азиме ба зиндагии мардум аст ва мавҷи бузурги муҳоҷиратро ба роҳ хоҳад андохт.

Обкашӣ як кори ҳамарӯзаи кӯдакони афғон аст.
Обкашӣ як кори ҳамарӯзаи кӯдакони афғон аст.

Қисматҳое зиёде аз Кобул ҳоло комилан беоб мондаанд ва сокинон танҳо ба миқдори маҳдуди обе қаноат мекунанд, ки аз мошинҳои обкашӣ мехаранд. Як сокини Таймонӣ, маҳаллаи нисбатан сарватманди Кобул мегӯяд, ки чаҳоряки музди моҳонаашро барои хариди об харҷ мекунад. Ӯ рӯзи 26 июн ба Радиои Озодӣ гуфт:

«Музди моҳонаи ман 21 ҳазор афғонӣ (300 доллар) аст ва камаш 5 ҳазор афғонӣ (70 доллар) барои хариди оби хонаводаи 10 нафараи худ масраф мекунам. Обро барои чой, пухтупаз, зарфшӯӣ, либосшӯӣ ва ҳаммом истифода мебарем.»

Ӯ афзуд: «Бисёр хонаводаҳо тавони хариди обро надоранд, ки ин мисли интихоб миёни об ва хӯрок аст.»

Мусоҳиби Радиои Озодӣ ҳамчунин гуфт, касоне, ки зӯрашон ба хариди об намерасад, чанд километр дуртар рафта аз маҳаллаҳое, ки насосҳои умумӣ доранд, об меоранд. Ҳатто дар ҳавои доғи тобистон дар Кобул ҳам бисёре аз биноҳои истиқоматии шаҳр ҳафтае танҳо як ё ду маротиба об мегиранд.

Олудашавии об яке дигар аз мушкилоти бузурги Афғонистон аст. Бино ба омори Созмони Милал, тақрибан 80 дарсади мардум ба оби ошомидании пок дастрасӣ надоранд. Коршиносон мегӯянд, қисмати зиёди обҳои зеризаминии Кобул аз партову заҳрҳо ва миқдори зиёди маҳлули арсеник ва ё маргимуш олуда шудаанд.

Ҳукумати пешин ва таҳти ҳимояти Ғарб дар Афғонистон, ки соли 2021 суқут кард, бар тибқи гузориши Бонки Ҷаҳонӣ барои таъмиру тармими шабакаҳои обёрӣ беш аз 4 миллиард доллар кумак гирифта буд, вале бисёре аз системаи обёрии Кобул ва дигар минтақаҳои кишвар фарсудаву кӯҳна боқӣ мондаанд.

Мақомоти ҳукумати Толибон дар Кобул ба дархости Радиои Озодӣ барои шарҳи мавзуъ посухе надоданд. Бисёре аз коршиносони афғон бар онанд, ки агар чораҳои қатъӣ ва зудтар андешида шавад, мумкин аст, ки пеши роҳи хушкӣ ва камобӣ дар шаҳри Кобулро бигиранд.

Наҷибулло Садид: «Ин мушкил нав нест. Зиёда аз даҳ сол аст, ки тарҳҳои гуногун барои ҳалли ин буҳрон ба мақомот пешниҳод шудааст, аммо ин масъала ҳаргиз барои онҳо дар авлавият набуд.»

Аз ҷумлаи роҳҳои пешниҳодӣ, сохтани сад ва обанбори Шоҳтут дар 30-километрии ҷанубу ғарби Кобул аст. Агар ин садро бисозанд, беш аз 2 миллион сокини Кобул бо оби ошомиданӣ таъмин мегарданд ва захираҳои зеризаминии об ҳам дигарбора пур мешаванд.

Тарҳи дигар кашидани лӯлаи 200 километрӣ барои интиқоли солона беш аз 100 миллион метри мукааб об аз рӯдхонаи Панҷшер ба Кобулро пешбинӣ мекунад. Таҳқиқоти ҳарду тарҳ дар замони ҳукумати пешини Афғонистон анҷом шудааст.

Моҳи апрели имсол вазорати энержӣ ва оби ҳукумати Толибон гуфт, ки интизори тасдиқи буҷа барои оғоз кардани сохтмони лӯлаи Панҷшер аст. Бино ба гузоришҳо, ҳукумат дар ҷустуҷӯи сармоягузорони дигар барои сармоягузории ин тарҳи 170 миллиондолларӣ аст. Агар барои тарҳи Шоҳтут пул пайдо кунанд, қарор аст, онро то соли 2027 ба поён расонанд, вале масъала 236 миллион доллар аст, ки барои иҷрои тарҳ зарур мешавад.

Роҳи пешгирӣ аз фалокат ҳаст

Абдулбасит Раҳмонӣ, коршиноси манобеи об ва тағйироти иқлимӣ дар Кобул мегӯяд, агар азму иродаи сиёсӣ вуҷуд дошта бошад, буҳрони камобии пойтахти Афғонистон метавонад «дар зарфи якуним сол бартараф шавад». Аммо ӯ ба зарурати кумаки фаврӣ ишора мекунад ва аз созмонҳои байналмилалӣ хостааст «ба мардуми камбизоати Кобул, ки тавони хариди оби ошомиданиро надоранд, ёрии фаврӣ расонанд.»

Ӯ мегӯяд: «Чунин ёрӣ мардумро аз фишори сахти молӣ ва равонӣ халос мекунад, намегузорад, бемориҳо паҳн шаванд. Кумак мекунад, ки кӯдакони зиёде дубора ба мактаб баргарданд. Бисёре аз кӯдакон барои он ки оби ройгон биёранду ба хонавода кумак кунанд, чанд километр роҳ мераванд ва аз таҳсил мемонанд.»

Созмонҳои имдодӣ ба мисли Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (ICRC) ва Бунёди Кӯдакони Созмони Милал солҳои ахир дар Афғонистон чандин тарҳро амалӣ кардаанд, то садҳо ҳазор нафар ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ дошта бошанд. Ба гуфтаи ICRC, соли 2024 созмон 1315 насоси дастӣ 1888 филтр дар вилоятҳои Афғонистон насб кардааст, то мардум оби олуда истифода набаранд.

Аммо бо вуҷуди ин талошҳо, агар ҳукумат фавран чорае наандешад ва зербунёдҳои таъмини об сохта нашаванд, эҳтимол дорад, ки буҳрони норасоии об дар Кобул идома ёбад ва дар ниҳоят ҳудуди 3 миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолӣ, ночор ин шаҳрро тарк кунанд ва ба ҷое бираванд, ки об дошта бошад.

XS
SM
MD
LG