Паҳн шудани хабари эҳтимолии ихроҷи кулли паноҳандагони афғонистонӣ аз Тоҷикистон боиси нигаронии ҷиддӣ миёни онҳо шудааст.
Мутахассисон мегӯянд, ки шояд Кобул дар оянда ба нахустин пойтахт дар ҷаҳон табдил ёбад, ки комилан аз об маҳрум мешавад. Сабаби ин фалокати эҳтимолӣ ба қавли мутахассисон, афзоиши босуръати аҳолӣ, тағйироти иқлимӣ ва мудирияти нодуруст аст.
Русия ба таври расмӣ ҳукумати Толибонро ба расмият шинохт. Сафири Русия дар Кобул рӯзи 3 июл ин паёмро бо Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон, расонд.
Ҳамзамон бо афзоиши ихроҷи маҷбурии муҳоҷирони афғон аз Эрон, шуморе аз низомиёни пешин афғон ва фаъолони ҳуқуқи зан, ки пас аз дубора ба қудрат расидани Толибон бар Афғонистон ба Эрон паноҳ бурдаанд, аз афзоиши фишорҳо ва эҳтимоли ихроҷ аз он кишвар нигаронанд.
Фарҳоди Дарё, овозхони маъруфи афғон мегӯяд, дубора рӯзе фаро хоҳад расид, ки метавонад дар ватанаш дар назди мухлисони хеш овоз бихонад.
Коҳиши кӯмакҳои башарӣ ба Афғонистон, бадтар шудани аҳволи иқтисод, кӯдакони зиёдеро маҷбур кардааст, ки мактабро гузошта кор кунанд, то оилаашон гурусна намонад.
Давоми шаш рӯзи охир 6700 муҳоҷири афғон, ба шумули 944 хонавода, аз Покистон ба Афғонистон ронда шудаанд.
Нахустин сафари ҳайати амрикоӣ ба Кобул пас аз дигарбора ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон дар ҳафтаи гузашта, мухолифатҳои ҷиддӣ миёни раҳбарони “Толибон” ва фаъол шудани мухолифини сиёсиву муссалаҳи ин гурӯҳ дар хориҷ дубора таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилалиро ба ин кишвар ҷалб кард.
Як духтари афғонистонӣ тиҷорати хурдеро ба роҳ монда, сокинонро бо барқ таъмин мекунад. Заҳро Алии 22-сола дар устохонаи на чандон калон дар Кобул аккумулятор ё дастгоҳи барқдиҳанда истеҳсол мекунад.
Аксари муҳоҷирину паноҳандагони Афғонистон дар чанд маҳаллаи шаҳри Ваҳдат, дар канори Душанбе зиндагӣ мекунанд. Зеро дар Тоҷикистон онҳо ҳақ надоранд дар пойтахт ва маркази вилоятҳо иқомат кунанд.
Ёфтҳои бештар